Фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

2378

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №510 аз 09.07.2020 сол “Дастурамал оид ба ворид намудан ва гузаронидани пешгирии пеш аз тамоси сирояти ВНМО дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” тасдиқ гардидааст.

Пешгирии пеш аз тамос (ППТ) – ин истифодаи дорувориҳои зиддиретровирусӣ аз ҷониби шахсони дорои ташхиси манфии ВНМО барои пешгирии сирояти ВНМО, пеш аз вуқӯъи ҳодисае, ки метавонад ба сирояти вирус оварда расонад. Дар асоси фармоиши ВТ ҲИА ҶТ нақшаи амалигардонии дастурамал таҳияи ва тасдиқ гардидааст. Тибқи нақша, баъд аз гузаронидани чорабиниҳои омоданамоӣ, 27 октябри соли 2020 аз тарафи мутахассисони МД «Маркази ҷумҳуриявии пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории ВНМО” аввалин маротиба дар ҷумҳурӣ усули нави пешгирии ВНМО – пешгирии пеш аз тамос ба намояндагони гуруҳҳои калидии аҳолӣ таъин карда шуданд. Дар нақша пешбинӣ шудааст, ки то охири соли 2020 ҳамагӣ 100 нафар намояндагони гуруҳҳое, ки хатари баланди сироятёбӣ ба ВНМО-ро доранд, бо ин усули пешгирӣ фаро гирифта мешаванд.