Тибқи фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №668 аз 01.09.2020 сол дар шаҳру вилоятҳои ҷумҳурӣ барои мутахассисони соҳаи ВНМО машѓулиятҳои омӯзишӣ дар мавзӯҳои “Тафтишоти эпидемиологии ҳодисаҳои сирояти ВНМО”, “Пайравии электронии ҳодисаҳои сирояти ВНМО”, “Татбиқ намудани реҷаҳои нави табобати зиддиретровирусӣ” ва “Ташхиси лаборатории ВНМО бо усули таҷзияи занҷираи полимеразӣ” гузаронида мешаванд.
Дар машѓулиятҳои мазкур мутахассисони марказҳои пешгирӣ ва мубориза бар зиди ВНМО-и шаҳру ноҳияҳо ва вилоятҳои ҷумҳурӣ, инчунин мутахасисони шабакаҳои КАТС ва марказҳои назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ иштирок менамоянд.

Омӯзишҳоро мутахасиссони Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории ВНМО” бо дастгирии молиявии шарикони рушд мегузаронанд. Ҳадаф аз гузаронидани чунин чорабиниҳо дар баланд бардоштани сатҳи маълумотнокӣ ва малакаҳои мутахассисоне, ки бевосита дар самти пешгирӣ, ташхис, нигоҳубин ва табобат бемории ВНМО фаъолият мебаранд, мебошад. Дар натиҷаи гузаронидани маҷмӯи чорабиниҳои омӯзишӣ, инчунин расонидани кӯмаки амалию методӣ ба мутахассисони соҳаи ВНМО/БПНМ дар Тоҷикистон назорати ин беморӣ боз ҳам пурзур хоҳад шуд.













