Баҳри амалигардонии фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №252 аз 17.04.2019 сол дар бораи тасдиқи “Тартиби ташкил ва гузаронидани хизматрасониҳои ҳамбастаи тиббию иҷтимоӣ (интегратсия), пешгирӣ, ташхис ва табобати сирояти вируси норасоии масунияти одам байни кудакон ва калонсолон дар сатҳи шабакаи муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ”, шахсони гирифтори ВНМО барои давом додани назорати тиббӣ ба МСШ-ҳои ҷои зисташон дар шаҳри Душанбе равона карда мешаванд. То имруз, 471 шахсони гирифтори ВНМО дар 12 марказҳои саломатии шаҳри Душанбе хизматрасониҳои тиббӣ нисбат ба ин бемориро таҳти назорати духтури сироятшинос ва табиби оилавӣ гирифта истодаанд. Дар муассисаҳои мазкур мутахассисони сироятшинос ва табибони оилавӣ аз омузишҳои кутоҳмуддат ва давомнок (дар заминаи МДТ “ДТБКСТ ҶТ”) нисбат ба табобати ВНМО гузаштаанд, базаи моддию техникии онҳо барои хизматрасониҳо пурра таъмин карда шудаанд.
Хизматрасониҳо дар заминаи МСШ бо риояи тамоми талаботҳо оиди махфӣ нигоҳ доштани сирри бемор, расонида мешаванд. Гуфтан зарур аст, ки чорабинии мазкур баҳри он гузаронида шуда истодааст, ки хизматрасониҳо нисбат ба ВНМО ҳарчӣ наздиктар ба шахсони гирифтори ин вирус ба мавзеи зист гузаронида шаванд. Натиҷаҳои аввалини ин чорабиниҳо инҳоянд:
- Фарогирии беморон бо назорати диспансерӣ – 471 нафар;
- Фарогирии беморон бо табобати зиддиретровирусӣ – 463 нафар (98,3%);
- Натиҷаи самарабахши табобат – 439 нафар (95,7%).














