Санаи 5 феврали соли 2021 аз ҷониби мутахассисони Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории ВНМО” (МД “МҶ ВНМО”) – Боймуродов Камолидин ва Тағоев Амирбек дар толори Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмати Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии маърифатию фаҳмондадиҳӣ оид ба масъалаҳои пешгирии ВНМО гузаронида шуд. Дар чорабинии мазкур роҳбарият, омӯзгорон ва донишҷӯёни донишкада иштирок намуданд.

Чорабиниро муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ – Ҷабборов Б.Б., ифтитоҳ башхиша, қайд намуд, ки бемории вируси норасоии масунияти одам яке аз масъалаҳои ҳалталаби ҷомеаи имрӯзаи ҷаҳонӣ ва Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Бо назардошти мансубияти ҷавонон ба гуруҳи осебпазир нисбати ин беморӣ ва роҳбарияти донишкада нисбати солимии донишҷӯёни муассисаи таълимии худ бе тараф нестанд. Баъдан сухани навбатӣ ба духтури эпидемиологи МД “МҶ ВНМО” – Боймуродов К.Ш. дода шуд.
Дар баромади худ Боймуродов К.Ш., оиди бемории вируси норасии масунияти одам, таърихи пайдоиш, роҳҳои интиқол, роҳҳои пешгирӣ, табобат, вазъи эпидемиологии ВНМО дар ҷаҳон ва дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоти муфассал пешниҳод кард. Баъди баромади Боймуродов К.Ш., ба воситаи мониторҳои калонҳаҷм 2 видеоролики иттилоотӣ оиди ВНМО ва рафтори ҷавонон ва оқибатҳои номатлуби он ба диққати иштирокчиёни чорабинӣ пешкаш карда шуд.

Баъдан аз ҷониби иштирокчиёни чорабинӣ ба мутахассисони МД “МҶ ВНМО” саволҳо оид ба роҳҳои интиқоли ғайритабии ВНМО, гузаштан аз ташхиси ВНМО, давраи ноайёнии ВНМО, табобат дода шуда, мутахассисони марказ ба ҳамаи саволҳо ҷавобҳои дақиқ ва саҳеҳ доданд.
Тағоев А. Т., бо мақсади баҳодиҳии сатҳи дониши иштирокчиён ва самаранокии чорабинии гузаронидашуда ба иштирокчиён 5 савол пешниҳод намуд, ки иштирокчиён ба бештари саволҳо ҷавоби пурра ва дуруст гардониданд. Дар итмоми чорабинӣ байни иштирокчиён зиёда аз 300 адад маводҳои таълимию иттилоотӣ ва 500 адад маводҳои пешгирикунанда (рифола) тақсим карда шуд.














