Конфронси миллӣ бахшида ба Рӯзи умумҷаҳонии мубориза алайҳи бемории пайдошудаи норасоии масуният

899

Санаи 30-уми ноябри соли 2020 дар шаҳри Душанбе конфронси миллӣ дар мавзӯи «Натиҷаҳои назорати дидбонии эпидемиологӣ (НДЭ) дар байни муҳоҷирони меҳнатӣ», ки аз ҷониби муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории ВНМО» дар соли 2020 гузаронида шудаст, баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур аз тарафи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори Раёсат Ҷафаров Навруз иштирок ва суханронӣ намуданд. Ҳамчунин, дар кори конфронс намояндагони ташкилотҳои байналмилалию ҷамъиятӣ иштирок намуданд.

Дар чорабинӣ натиҷаҳои НДЭ ба ҳозирин пешниҳод карда шуданд. Баъд аз пешниҳоди натиҷаҳо, ҳозирин ба саволҳои пайдошудаи худ ҷавобҳои заруриро гирифтанд. Дар фарҷоми маҷлис, иштироккунандагон ба ташкил ва гузаронидани тадқиқоти мазкур ва натиҷаҳои он баҳои баланд дода, изҳори хоҳиш намуданд, ки дар оянда нишондодҳои мазкурро дар фаъолияти худ истифода мебаранд.