Таҷлили «Рӯзи кормандони тиб» дар Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории ВНМО»

822

Бахшида ба 18 август – “Рӯзи кормандони тиб” дар Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории ВНМО» чорабиниҳои фарҳангию маърифатӣ баргузор гардида шуд. Дар чорабинии мазкур директори Марказ Нуров Р.М баромад намуда қайд намуд, ки боиси хушнудии ҳар яки мост бори аввал дар таърихи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Иди касбии кормандони тиб бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир гардид. Боиси сарфарозист, ки як қатор кормандони Марказ дар ин чорабинии бошукуҳ иштирок намуданд.

Бахшида ба ин рӯз якқатор чорабиниҳои варзишию дар байни кормандони Марказ гузаронида шуд. Дар байни бонувон ва мардони Марказ озмуни шашкабозӣ ва тениси руи миз гузаронида шуда, ғолибон бо ифтихорнома ва мукофотҳои таъсиснамудаи роҳбарияти Марказ сарфароз гардонида шуданд. Инчунин, як мутахассиси озмоишгоҳи Марказ бо унвони “Алочии тандурустӣ” аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ карда шуд.