21-22 апрели соли 2021 Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода ва 36 нафар мутахассисони соҳаи тандурустии кишвар дар Конфронси байналмиллалӣ роҷеъ ба мубориза бар зидди вируси норасоии масуният одам ва некӯаҳолии эпидемиологӣ дар шаҳри Москва иштирок намуданд.
Дар ҷаласаи корӣ ва ҷамъбастии чорабинии мазкур Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода баромад намуда, зимни он таваҷҷуҳи иштирокчиёнро ба зарурати идомаи ҳамкории мутақобилан судманд дар самти таҳкими зарфиятҳои иқтисодӣ, пешгирии паҳншавии бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла COVID-19, сил ва ВНМО, таъмини амнияти санитарию эпидемиологӣ, ҳифзи солимии аҳолӣ ва таъмини рушди устувори минтақа ҷалб намуда, барои мубодилаи афкор ва таҷриба дар самти ҳифзи солимии аҳолӣ, пешгирии паҳншавии бемориҳои сироятӣ аз ҷумла COVID-19, сил ва ВНМО, дастовардҳои муосири тиббӣ ба иштирокчиён изҳори миннатдорӣ намуданд.

Конфронси мазкур бо ташаббус ва дастгирии Хадамоти Федеролӣ оид ба назорат дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи истеъмокунандагон ва беҳбудии инсонии Федератсияи Россия (Роспотребнадзор) ва Барномаи муштараки СММ оид ба ВНМО барои давлатҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ баргузор гардида, дар кори он зиёда аз 200 нафар намояндагони кишварҳои гуногун (аз ҷумла, қариб 4000 нафар тавассути сиғаи маҷозӣ) иштирок намуданд.
Дар конфоронси мазкур дар давоми 2 рӯз 22 сесияҳои омӯзишӣ ташкил ва гузаронида шуданд, ки дар онҳо масъалаҳои мухталиф пешниҳод, мавриби баррасӣ ва муҳокима қарор гирифтанд.
Ҳамзамон, аз ҷониби намояндагии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои таъсироти сирояти нави коронавирус COVID-19 ба барномаи муқовимат ба ВНМО/БПНМ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иштирокчиёни конфронс дар шакли намоиш маърӯза пешкаш карда шуд.
Дар раванди конфоронс корманди клиникаи мобилии МД МҶ ВНМО барои фаъолияти хуб ва ноил гардидан ба дастовардҳои назаррас бо Сипоснома қадрдонӣ гардонида, роҳхат барои истироҳат дар осоишгоҳи Баҳористон супорида шуд.
Дар баробари ин, аз ҷониби намояндагии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ворид намудан ба Стратегияи нави байналмиллалӣ барои солҳои 2021-2026 як қатор пешниҳодҳо манзур гардиданд, ки хуб пазирои гардид, аз ҷумла:

1. Давом додани чорабиниҳои пешгирикунандаи сирояти ВНМО дар байни гурӯҳҳои калидӣ;
2. Вусъат бахшидан ба чорабиниҳои пешгирикунандаи сирояти ВНМО дар байни гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ, аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатӣ;
3. Пурзӯр намудани ҳамкориҳои байнисарҳадӣ (трансграничный) байни давлатҳо бо мақсади якҷоя муқовимат бурдан ба ҳолатҳои фавқулодда;
4. Бартараф намудани нобаробарии гендерӣ, пешгирии табъиз ва тамғагузорӣ нисбати намояндагони гуруҳҳои калидӣ ва шахсони бо ВНМО зиндагикунанда.













