РӮЗИ УМУМҶАҲОНИИ МУБОРИЗА АЛАЙҲИ БЕМОРИИ ПАЙДОШУДАИ НОРАСОИИ МАСУНИЯТ «ЯКДИЛИИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ, МАСЪУЛИЯТИ ОММА!»

880

Ҳамасола санаи 1-уми декабр дар ҷаҳон ҳамчун Рӯзи умумҷаҳонии мубориза алайҳи бемории пайдошудаи норасоии масуният қайд карда мешавад. Дар ин рӯз миллионҳо нафарон дар ҷаҳон лентаҳои сурхро, ки яке аз рамзҳои асосӣ ва таскинбахшандаи шахсони бо ВНМО зиндагикунанда мебошад, овезон мекунанд. Инчунин, ин рамз ҳамаро барои баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии аҳолӣ оиди ВНМО ва гирифтани пеши роҳи сирояти он даъват менамоянд.

Шиори умумҷаҳонии соли ҷорӣ ҳамчун «Якдилии байналмилалӣ, масъулияти омма!» қабул гардидааст.

Бахшида ба қайди рӯзи мазкур аз ҷониби муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории ВНМО» нақшаи чорабиниҳо таҳия гардида, аз тарафи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидаст. Дар чаҳорчубаи нақшаи мазкур гузаронидани якқатор чорабиниҳои маърифатию таблиѓотӣ ташкил ва гузаронида шудаанд. Қайд кардан ба маврид аст, ки ҳамаи чорабиниҳо бо риояи қоидаҳои беҳдошти умумӣ ва шахсӣ баргузор гардидаанд.

Ҳамин тариқ, санаи 30-уми ноябри соли 2020 дар шаҳри Душанбе конфронси миллӣ дар мавзӯи «Натиҷаҳои назорати дидбонии эпидемиологӣ (НДЭ) дар байни муҳоҷирони меҳнатӣ», ки аз ҷониби муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории ВНМО» дар соли 2020 гузаронида шудаст, баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур аз тарафи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори Раёсат Ҷафаров Навруз иштирок ва суханронӣ намуданд. Ҳамчунин, дар кори конфронс намояндагони ташкилотҳои байналмилалию ҷамъиятӣ иштирок намуданд.

Дар чорабинӣ натиҷаҳои НДЭ ба ҳозирин пешниҳод карда шуданд. Баъд аз пешниҳоди натиҷаҳо, ҳозирин ба саволҳои пайдошудаи худ ҷавобҳои заруриро гирифтанд. Дар фарҷоми маҷлис, иштироккунандагон ба ташкил ва гузаронидани тадқиқоти мазкур ва натиҷаҳои он баҳои баланд дода, изҳори хоҳиш намуданд, ки дар оянда нишондодҳои мазкурро дар фаъолияти худ истифода мебаранд.

Чорабинии ҷамъбасти санаи 1-уми декабр дар толори муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории ВНМО» бо иштироки намояндагони муассисаҳои тандурустӣ, ташкилотҳои ҷамъиятии маҳаллӣ ва байналмилалӣ, ихтиёриёни ташкилотҳо ва гурӯҳҳои рақсии кӯдакона баргузор гардида.

Дар аввали чорабинӣ муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ализода С. тавассути алоқаи мустақим бо сухани ифтитоҳи аз номи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи иштирокчиёни чорабиниро ҳайрамақдам намуд.

Сипас бо суханҳои табрикотӣ директори муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории ВНМО», мушовири ташкилоти ЮНЭЙДС дар Тоҷикистон, ҳамоҳангсози барномаи ЮНФПА дар Тоҷикистон, директорони ташкилотҳои ҷамъиятии «Гули Сурх» ва «Имкониятҳои баробар» баромад намуда, ҳамагонро барои фаъолияти пурсамар ва иштирок дар чорабиниҳои гуногун арзи сипос намудаанд.

Дар давоми чорабинӣ барои иштирокчиён озмӯни саволу ҷавобҳо баргузор гардида, ҳозирҷавобон бо тӯҳфаҳои гуногун сарфароз гардонида шудаанд.

Аз тарафи муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории ВНМО» ба саҳми иштикчиён маъруза оид ба дастовардҳои кишвар дар муқовимат бо эпидемияи ВНМО дар даврони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид.

Инчунин, аз ҷониби муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории ВНМО» якқатор фаъолон ва ташкилотҳои ҷамъиятие, ки дар самти пешгирӣ ва мубориза бар зидди ВНМО/БПНМ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамоянд бо сипосномаҳо сарфароз гардонида шудаанд.

Дар фарҷоми чорабинӣ ташкилкунандагон барои фаъолият, ҳамкории пурсамар ва иштирок дар чорабинии имруза ба ҳамаи иштирокчиён изҳори миннатдорӣ баён намудаанд.