Оиди ВНМО/БПНМ

ВНМО ВА БПНМ. ТАЪРИХ ВА ДАЛЕЛҲО (ФАКТҲО)
1981
– Ҳодисаҳои аввал. Маркази назорат ва пешгирии бемории ИМА (СДС) оиди ҳодисаҳои аввали беморӣ хабар дод, ки мардони ҷавоне, ки алоқаҳои ҷинсӣ бо мардон доштанд гирифтори пневмонияи (пневмосистӣ)-и ҷудо ҳам кам вохӯрда ва саратони пӯст дар онҳо дида мешуд.
1982
– Пайдоиши номи беморӣ. СДС расман истилоҳи AIDS-ро (БПНМ)-ро ҷорӣ менамояд: Бемории Пайдошудаи Норасоии Масуният.
1984
– Олимон вирусро (сироятро) муайян месозанд. Олимон Люк Монтанье аз донишгоҳи Пастер (Франсия) ва Роберт Галло аз Маркази миллии бемории саратон (ИМА) вирусеро аз гурӯҳи ретровирусҳо ҷудо намуданд, ки ба системаи иммунии инсон зарар расонида, ба инкишофи БПНМ бурда мерасонад. Ин вирус ба худ номи ВНМО-ро гирифт. Вируси Норасоии Масунияти Одам – HIV.
1985
– Барои ташхиси ВНМО тестҳо ихтиро карда шуданд. Идораи назорати санитарӣ оид ба хӯрока ва дорувориҳои ИМА барои муайян намудани антителаҳо ба ВНМО (тестгузаронӣ ё ташхиси ВНМО) тестҳои аввалинро тасдиқ намуд.
Аввалин бор тестгузаронии ВНМО дар ИМА ва Япония гузаронида шуд.
– То 2 млн зиёдшавии одамони бо ВНМО зиндагикунанда. Дар аввали соли 1985 шумораи одамони бо ВНМО зиндагикунанда дар тамоми ҷаҳон ба 2 млн нафар расид (аз рӯи ҳисоботи барномаи Рушди СММ доир ба ВНМО ва БПНМ – ЮНЕЙДС).
1986
– Ҳодисаи аввалини ВНМО дар Иттифоқи Советӣ. Дар Иттифоқи Советӣ аввалин ҳодисаи сирояти ВНМО ба қайд гирифта шуд.
1987
– Муолиҷаи аввалини сирояти ВНМО. Идораи назорати санитарӣ оид ба хӯрока ва дорувориҳои ИМА барои табобати ВНМО доруи аввалинро тасдиқ намуд – AZT («зидовудин») – асри нави табобати зиддиретровирусӣ. (ТЗРВ – табобати ВНМО).
1988
– Барқароршавии рӯзи байналмиллалии мубориза бар зидди БПНМ. Бо ташаббуси ТУТ (ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ) рӯзи 1 декабрро ҳамчун рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бар зидди БПНМ эълон менамояд.
1989
– Ҳодисаи сирояти оммавии кӯдакон бо ВНМО. Дар беморхонаҳои якчанд шаҳрҳои Иттифоқи Советӣ (Элиста, Волгоград, Ростов на Дону) бо айби кормандони тиб сирояти оммавии кӯдакон бо ВНМО рӯй дод.
1990
– Шиддатёбии сирояти ВНМО. Аз рӯи ҳисоботи ЮНЭЙДС шумораи одамони бо ВНМО зиндагикунанда ба 9 млн нафар расид.
1991
– Тасмачаи сурх – рамзи ҳамфикри ба шахсоне, ки гирифтори ВНМО ва БПНМ гардиданд. Муаллифи тасмачаи сурх – Франк Мур, рассом. У соли 2002 дар синни 48 солагӣ фавтид ва 17 соли ҳаёташ бо ВНМО гузашт.
– Дар Тоҷикистон Маркази ҷумҳуриявии пешгирӣ ва мубориза бо БПНМ таъсис дода шуд. Дар мамлакат барои муқовимат бо сирояти ВНМО Маркази ҷумҳуриявии пешгирӣ ва мубориза бо БПНМ-и Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис гардид.
– Ҳодисаи аввалини сирояти ВНМО дар Тоҷикистон. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳодисаи аввалини сирояти ВНМО тасдиқ карда шуд.
1995
– Пешравии табобат. Идораи назорати санитарӣ оид ба хӯрока ва дорувориҳои ИМА дорувории «Саквинавир» – аввалин ингибитори протеазиро тасдиқ намуд, ки дар якҷоягӣ бо дигар доруҳои зидди ВНМО истифода бурда мешуд.
Бо ҳамин асри табобати таъсирнокии баланди антиретровирусӣ сар шуд.
(ВААРТ- се ва зиёда аз он доруҳо бар зидди ВНМО), ки сирояти ВНМО идорашаванда мегардад.
– Таъсис ёфтани ЮНЭЙДС. Таъсис гардидани ЮНЭЙДС – Барномаи муттаҳидаи СММ (Созмони Милали Муттаҳид) оид ба ВНМО/БПНМ – вазифаи асосии он – ҳамоҳангсозии барномаҳои гуногуни СММ бар зидди БПНМ. ЮНЭЙДС кори худро соли 1996 сар намуд.
1996
– Таъсис гардидани тести ВНМО бо тадқиқоти пешоб. Идораи назорати санитарӣ оид ба хӯрока ва дорувориҳои ИМА тести ВНМО-ро бо тариқи пешоб таъсис гардонид.
1998
– Озмоиши ваксина. Дар Америкаи Шимолӣ озмоиши ваксинаи хеле калон ба одамон бар зидди ВНМО гузаронида шуд.

2000
– Таҳдиди бехатарӣ дар ҷаҳон. ИМА ва Шурои бехатарии СММ ВНМО ва БПНМ-ро ҳамчун таҳдиди бехатарӣ дар ҷаҳон эълон менамояд.
2001
– Барпо гардидани Сессияи махсуси аввалини СММ доир ба ВНМО ва БПНМ.
Ассамблеяи Генералии СММ Сессияи махсуси аввалин доир ба БПНМ-ро барпо мекунад.
– Даъват ба ташкил намудани Хазинаи Глобалӣ оид ба мубориза бо ВНМО ва БПНМ. Котиби Генералии СММ Кофи Анан барои барпо намудани Хазинаи Глобалӣ мубориза бо ВНМО ва БПНМ муроҷиат менамояд.
– Дохилшавии Тоҷикистон ба Декларатсияи СММ оид ба БПНМ. Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Декларатсияи ӯҳдадорӣ бар зидди БПНМ, ки дар Сессияи махсуси Генералии Ассамблеяи СММ оид ба БПНМ қабул гардид, дохил шуд.
2002
– Саршавии фаъолияти Хазинаи Глобалӣ. Хазинаи Глобалӣ оид ба мубориза бар зидди БПНМ, сил ва табларза фаъолияти худро сар мекунад, ва грантҳои аввалинро медиҳад.
2005
– Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба ВНМО ва БПНМ». Қонуни нави Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба ВНМО ва БПНМ» таъсис гардида шуд, ки он риояи ҳуқуқҳои шахсони бо ВНМО зиндагикунандаро кафолат дода, пешниҳоди кӯмаки тиббии ройгон, дастгирии иҷтимоӣ, гузаронидани чорабиниҳои гуногуни муқовимат ба ВНМО-ро дар бар мегирад.
– Дастурамали миллии пешниҳоди кӯмак ва табобати ВНМО/БПНМ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон. Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дастурамали миллӣ доир ба пешниҳоди кӯмак ва табобати ВНМО/БПНМ дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро тасдиқ намуд.
2006
– Сар намудани табобати ВНМО дар Тоҷикистон. Дар Маркази ҷумҳуриявии пешгирӣ ва мубориза бар зидди БПНМ-и Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон табобати зиддиретровирусии шахсони бо ВНМО зиндагикунанда оѓоз гардид.
2007
– 33 млн нафар одамони бо ВНМО зиндагикунанда. Аз рӯи ҳисоботи ЮНЭЙДС дар ҷаҳон 33 млн одамон бо ВНМО зиндагӣ мекарданд.
– Барномаи муқовимат ба эпидемияи ВНМО/БПНМ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Барномаи муқовимат ба эпидемияи ВНМО/БПНМ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2007-2010 қабул гардид.
2008
– Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани таѓйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи муқовимат ба ВНМО/БПНМ».
Асоси дигаргунӣ ва иловаҳо дар Қонун ин пайравӣ ба инсодӯстӣ, ҳурмати умумӣ ва риояи ҳуқуқ ва озодии инсон буд. Яке аз ҷиҳати муҳими Қонун дар он буд, ки аз матни қонуни соли 2005 баровардани қисми моддаи 9-оиди дар мамлакат депортатсияи шаҳрвандони хориҷӣ дар ҳолати муайян гардидани сирояти ВНМО буд. Ин ба Тоҷикистон имконият дод, ки аз рӯйхати 29 давлате, ки дар соли 2008 ба депортатсияи шаҳрвандони хориҷӣ дар асоси ҳолати мусбии ВНМО дошта ҷой доштанд, барояд.
– Тартиби муоинаи тиббӣ бо мақсади дарёфти сирояти ВНМО. Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби муоинаи тиббӣ бо мақсади дарёфти сирояти ВНМО, бақайдгирӣ сироятёфтагони ВНМО ва пешгирии назорати онҳо тасдиқ карда шуд.
– Ҷоизаи Нобелӣ барои кашф дар соҳаи пешгири ва табобати ВНМО. Олимони Фаронса – Франсуаза Баррэ-Синуси ва Люк Монтанье барои кашф дар соҳаи пешгирӣ ва табобати ВНМО лауретаҳои ҷоизаи Нобелӣ гардидаанд.
2010
– Барномаи нави муқовимат ба эпидемияи ВНМО/БПНМ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон. Барномаи муқовимат ба эпидемияи ВНМО/БПНМ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон давраи солҳои 2011-2015 қабул карда шуд.
2017
– Барномаи нави муқовимат ба эпидемияи ВНМО/БПНМ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон. Барномаи муқовимат ба эпидемияи ВНМО/БПНМ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон давраи солҳои 2017-2020 қабул карда шуд.
– Сирояти ВНМО дар Тоҷикистон. Дар мамлакат аз соли 1991 сар карда то 1 июли 2020, 12666 ҳолати сирояти ВНМО ба қайд гирифта шудааст.

Тарҷумон: Фируз Сатторов