1.Оё танҷо нашъамандон ё занони расонидани хизматҷои шаҷвонӣ гирифтори ВНМО мешаванд?
Агар мо бо роҷҷои сирояти ВНМО назар афканем (алоқаи љинсӣ, тамос бо хуни сироятёфта, аз модар ба кӯдак), пас маълум мегардад, ки хавфи сироятшавиро на танҷо намояндагони гурӯҷҷои номбар шуда доранд, балки ҷар як шахс дар тули ҷаёти худ метавонад бо ин ё он роҷ гирифтори ин бемори шавад. Ягон нафар аз сироятшавии ВНМО ба пураги эмин нест.
Тибқи таҷлилҷо, дар љаҷон нисбати сирояти ВНМО нашъамандони тазриқӣ, занони расонандаи хизматҷои шаҷвонӣ ва маҷбусон ҷамчун гурӯҷи хатари баланддоштаи аҷолӣ ба шумор рафта, сироятёбӣ дар миёни намояндагони ин гурӯҷҷо бештар ба мушоҷида мерасад. Љавонон, занони ҷомила ва муҷољирони меҷнатӣ нисбати ин беморӣ ҷамчун гурӯҷҷои осебпазири аҷолӣ ба шумор мераванд.
2.Агар баъд аз гузаштани ташхиси ВНМО натиљаи таҷлил мусбӣ бошаду сирояти ВНМО маълум шавад, чӣ бояд кард?
Мутахассисони шӯъбаи вогиршиносӣ (эпидемиологи) баъди натиљаи ташхиси мусбӣ, ба бемор машварат оиди натиљаи ташхис мегузаронанд. Баъди гирифтани маълумот оиди бемории худ машварати психологӣ гузаронида шуда, бемор таҷти назорати духтури табобати қарор мегирад ва ба табобати зиддиретровирусӣ фаро гирифта мешавад. Айни замон тамоми хизматрасониҷои тибби инчунин табобати зиддиретровирусӣ барои сироятёфтагони ВНМО дар ЉТ ройгон мебошад.
3.Оё аз модари гирифтори ВНМО метавон тифли солим ба дунё ояд?
Қисми зиёди бонувони сироятёфта аз бемории худ ҳангоми ҳомиладорӣ бохабар мешаванд. Аз ин лиҳоз, хеле муҳим аст, ки бонувон сари вақт ба машваратгоҳҳои тиббӣ рафта, худро дар қайд гузоранд ва аз ташхиси лозима гузаранд, он гоҳ имкони таваллуд намудани тифли комилан солим вуҷуд дорад.
Ҳангоми дарёфт шудани зани ҳомилаи мубталои ВНМО аз ҷониби мутахасисони соҳаи тандурустӣ бо мақсади пешгирӣ намудани сироятёбии тифл аз модари гирифтори ВНМО чораҳои фаврӣ андешида мешаванд. Ҳангоми истеъмоли доруҳо ва риоя намудани реҷаи истеъмоли он сарбории вирусї дар организми зан паст гардида, хатари сироятёбии кўдак аз ВНМО хеле паст мегардад. Зани мубталои ВНМО агар ҳангоми ҳомиладорӣ доруҳои зидиретровирусиро сари вақт истеъмол накунад, хатари сирояти ВНМО аз модар ба кўдак 30-40%-ро ташкил медињад. Дар сурате, ки зани ҳомила тамоми усулҳои табобат ва амалиётҳои пешгирикунандаи сироятёбии тифлро риоя намояд, ин хатар тахминан 2%-ро ташкил медиҳад. Имрўзҳо бо ташаббуси Ҳукумат ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастрасии фарогирии табобати пешгирикунанда барои занони ҳомила дар сатҳи баланд қарор дорад. Тавлиди тифли солим хушбахтии ҳар як оилаву ояндаи дурахшони насли ҳар яки мост. Солимии тифл аз саломатии модар вобастагӣ дорад, аз ин рӯ, занони ҳомиларо лозим аст, ки дар оғози ҳомиладорӣ фавран аз ташхис гузашта, барои ба дунё овардани тифли солим кӯшиш ба харҷ диҳанд.
4.Аз сирояти ВНМО пурра шифо ёфтан мумкин аст?
Аз бемории ВНМО ба пуррагӣ шифо ёфтан мумкин нест, вале онро тавассути табобати антиретровирусӣ назорат кардан мумкин аст. Табобат инкишофёбии ВНМО-инфексияро ва ба марҳилаи гузариш ба БПНМ-ро бозмедорад, зеро консентратсияи вирусро дар хун то марҳилаи номуайян паст месозад. Бо шарофати ҳамин хатари сироят ёфтан аз вирус кам шуда, инчунин хатари афзоиш ёфтани бемориҳои оппортунистӣ кам мешавад ва масуният ба дараҷае барқарор мешавад, ки организм мустақилона бо бемориҳои зиёд мубориза бурда метавонад.
Айни замон барои муолиҷаи ВНМО табобати зидиретровирусӣ вуҷуд дорад, ки дар натиҷаи он зарари вирус дар организм боздошта мешавад. Шахсе, ки табобати мазкурро қабул мекунад, авҷгирии беморӣ дар ҷисмаш қатъ гардида, саломатиаш барқарор мешавад. Аммо ин табобат вирусро аз организми инсон нест гардонида наметавонад. Аз ин лиҳоз, мо гуфта метавонем, ки ВНМО табобатнашаванда бошад ҳам, аммо идорашаванда аст. Тамоми амалиётҳои табобати ВНМО аз ҷумла дорувориҳо дар кишвари мо ройгон аст. Дар сурати аз рӯи нақша табобат кардану маҳв сохтани вирус нафарони бемор метавонанд мисли нафарони солим умр бубинанд.
5.Шахсони гирифтори сирояти ВНМО чи гуна умр ба сар мебаранд?
Дар ҳақиқат дар ҷомеа муддати мадид нисбати нафароне, ки бо ВНМО инфексия зиндагӣ мекунанд, назари хуб надоштанд. Сабаби чунин амали одамон дар он буд, ки аксарият дар бораи ВНМО ва БПНМ маълумоти кофӣ надоштанд. Мубориза бо дискриминатсия ва стигмагузорӣ имрӯз аз ҳукумат диққати хосаро ҷалб намудааст. Шахси гирифтори ВНМО ҳуқуқи зиндагии осоишта ба сар бурданро дорад.
ВНМО барои бокортаъминкунии шахси бемор монеа шуда наметавонад. Вале намояндагони баъзе касбу кор ҳатман аз ташхиси ВНМО гузаронида мешаванд. Инҳо ҳамшираҳои тиб, табибон, кормандони стансияҳои хунгирӣ ва кормандони илмие ҳастанд, ки фаъолияташон бо омодасозӣ ва коркарди дорувориҳои масунияти бадан алоқамандӣ дорад.
Ҳамзамон кӯдаки гирифтори ВНМО ҳуқуқи дар мактаб ё донишгоҳ таҳсил карданро дорад.
Бо беморони гирифтори ВНМО ҳаёти маҳрамона доштану тифл ба дунё овардан мумкин аст. Дар сурати риоя намудани реҷаи қабули дорувориҳо миқдори вирусро дар моеъҳои биологӣ паст карда, аз шахси бемор ҳангоми алоқаи ҷинсӣ сироят наёфтан мумкин аст, вале истифода намудани рифола барои нафарони гирифтори ВНМО ҳатмӣ аст.
Нафарони гирифтори ВНМО-инфексия парҳези махсус надоранд ва метавонанд мисоли афроди солим ғизо тановул кунанд. Қоидаи асосӣ истеъмол намудани хӯроки серғизо ва дорои сафедаи зиёд аст. Аз одатҳои зарарнок бошад, беҳтараш худдорӣ кардан лозим аст, то ки ба масуният аз ин зиёд вазнинӣ наафтад.
Одамоне, ки табобати зидиретровирусӣ мегиранд, метавонанд дар муддати тӯлонӣ солим бошанд, тарзи ҳаёти солимро давом диҳанд ва мисли одамони ба ВНМО гирифтор набуда зиндагӣ кунанд, чунки доруҳо дар организм афзоиши вирусро бозмедоранд. Табобати зиддиретровирусӣ миқдори вирусро дар хун паст мекунад ва ин боиси пешгирии интиқоли вирус ба шахси дигар мегардад.
Умедворем, ки аз маълумотҳои пешниҳоднамудаи мо дар бобати табобат ва пешгирӣ намудани бемориҳои ВНМО ва БПНМ ба саволҳои худ посухи даркорӣ пайдо намудед ва минбаъд дар асоси тавсияву ҳушдорҳои маводҳои дарҷнамудаи мо амал намуда, ҳаёти худ ва наздиконатонро дар хатар намегузоред. Агар Шумо ба ин дард дучор гардида бошед, метавонед ба марказҳои пешгирӣ ва мубориза бар зидди ВНМО/БПНМ муроҷиат намоед.









